Рӯзи 16-уми феврали соли равон таҳти роҳбарии раиси Комиссии марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳамммади Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР ҶТ, дар асоси протолколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда КМИР қарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ рӯзи 15 феврали соли 2014 аъзои ММ МО ҶТ интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколати онҳо тасдиқ карда шавад:
Аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1: Саидбурҳон Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ; Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ; Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ.
Аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2: Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.
Аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3: Давлатшо Гулмаҳмадов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон; Абдулғафор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
Аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4: Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5: Хайрулло Сафаров, директори генералии ҶСК НБО «Роғун», Бобоалӣ Табаров, раиси ноҳия Турсунзода.
Хотирнишон бояд намуд, ки 15 феврали соли 2014 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботи ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.
Тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати ӯ интихоботи нав гузаронида мешавад.
Мутобиқи моддаи 29 қонуни мазкур узви Маҷлиси миллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб мешавад.




Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста