Дар толори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Маҷлиси Кумитаи иҷроия (КИ)-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмииҲХДТ, дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, узви кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо-раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи вилоят, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар маҷлис муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, узви ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳисоботи раиси раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014» шунида шуд.
Муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров зимни суханрониаш нақши фаъолонаи ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар соли гузашта ва саҳми арзандаи онҳо дар амалисозии вазифаҳои барномавии ҳизбро таъкид намуда, онҳоро ба фаъолияти бештар муассир дар маҳалҳо дар робита ба чорабиниҳои сиёсии минбаъда, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доштан, таҳкими заминаи моддиву техникии кумитаҳои иҷроия ва тақвияти кори идеологӣ даъват кард.
Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов якдилона узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста