- Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо, ки соли гузашта таъсис ёфта буданд, ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар мусолидат мекунанд, - иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов.
Ба қавли ӯ, имрӯз қариб дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб таъсис дода шуда, дар дафтарҳои кории бахшҳои ҲХДТ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
«Агар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мушкилоти дохилиҳизбӣ вобаста бошад, онҳо бевосита дар худи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ҳал мешаванд ва агар муроҷиатҳо ба фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл дошта бошанд, дар ин ҳолатҳо намояндагони қабулгоҳ ба таври хаттӣ ба онҳо муроҷиат намуда, мусоидат ба ҳалли мушкилотро дархост мекунанд», - зикр кард Мирсаидов.
Мирсаидов ҳамчунин гуфт, қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҲХДТ ба ҷуз рӯзи якшанбе, дар рӯзҳои дигари ҳафта ба қабули шаҳрвандон омодаанд. «Масалан, чанде қабл ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд 20 нафар шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил, таъмин гардидан бо ҷойи корӣ, дастрасӣ ба кӯмаки молиявӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳо ва дигар мушкилоти рӯзмарра муроҷиат намуданд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста