Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бовар дорад, ки дар маъракаи интихоботии санаи 25-уми май дар Украина Юлия Тимошенко президенти нави ин кишвар интихоб мешавад.
«Янукович имкони ночизе дорад ва дар пешбарӣ шудан ба муҳлати нав ҳам қариб имконе надорад. Агар ягон чизи ғайримунтазирае рух надиҳад, Юлия Тимошенко президенти нави Украина мешавад, ҳарчанд фикр мекунам, ки дар интихоботи президентии санаи 25-уми май на камтар аз 4 номзад бо шумули Кличко, Тягнибок ва Поршенко низ рақобат хоҳанд кард. Сиёсатмадороне чун Ятсенюк, Лутсенко ё Турчинов миёни номзадон ба мақоми президенти Украина ҳузур нахоҳанд дошт», - навиштааст Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ.
Раиси ҲСДТ ба тасдиқи гуфтаҳояш далел меорад, ки аввалан Юлия Тимошенко аллакай имрӯз пешвои бештар бонуфуз дар Украинаи инқилобӣ буда, номзадии ӯ аксари нерӯҳои таъсиргузорро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар қонеъ месозад ва сипас ҳукумати имрӯзаи давраи гузариши Украина низ амалан дар дасти ӯ қарор дорад.
Номбурда ҳамчунин зикр мекунад, ки миёни номзадҳои имокнпазир ба мансаби президенти Украина шахси комилан мақбул барои Русия вуҷуд надошта, он ҳам Юлия Тимошенко ё тоҷир Порошенко буда метавонанд. «Мансаби нахуствазир дар Украинаро яқинан Порошенко соҳиб хоҳад шуд», - мегӯяд Зойиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста