- Қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи даъвои ба истилоҳ намояндагони зиёиёни тоҷик нисбати ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина умеди охирини ман ба мустақилияти мақомоти судии Тоҷикистонро барҳам дод, - иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.
«Аён шуд, ки дар кишвари мо судҳо бо супориш ё таъсири ҳокимияти давлатӣ қарор қабул мекунанд: мазҳакаи судӣ вобастагии мақомоти судиро аз ҳукуматдорон комилан собит кард», - гуфт Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки мурофиаи судии мазкур нишон дод, ки дар кишвари мо зиёӣ ҳамчун қишри ҷомеа умуман вуҷуд надорад. «Шахсиятҳои ҷудогона ҳастанд, аммо қишри зиёиён дар ҷомеа вуҷуд надорад», - чунин мешуморад Кабирӣ.
Ба андешаи ӯ, ин мурофиаи судӣ бори дигар собит сохт, ки «дар Тоҷикистон озодии ВАО танҳо дар гуфтор вуҷуд дошта, дар амал ҳукуматдорон бо ҳама гуна воситахо мушкилоту монеъа эҷод мекунанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста