Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ду зан назди қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб сарусадо баланд карда, мехостанд ба баргузории ҷаласаи фаъолони ҳизб дар минтақа роҳ надиҳанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Кӯлоб нишасти фаъолони ҳизб дар минтақа доир гашт, ки раҳбарияти ҳизб ҳам дар он ширкат дошт. Дар ҷараёни нишаст ду зан назди бинои шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ғавғо бардошта, хостаанд, то бо ин амалашон монеъи гузаронидани нишаст шаванд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сармуҳаррири расонаҳои ҲНИТ, яке аз ширкатдорони ҷаласа гуфтааст, ин занонро Иброҳим Исмоилов, собиқ сарҳанги пулис, яке аз ходимони аршади «Фронти халқӣ» раҳбарӣ мекард ва ин «ҳуҷум» қаблан аз ҷониби доираҳои номаълум тарҳрезӣ шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли оқои Сайфуллоҳзода, масъулини шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб шуъбаи амният, прокуратура, ҳатто шуъбаи минтақавии ВКД-ро низ огаҳ буд, ки чунин як ҷаласа хоҳад гузаронд ва онҳо амниятро ба зимма бигиранд, ҳол он ки ҳеҷ кас аз масъулини ниҳодҳои фавқуззикр ба қароргоҳ ҳозир нашуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иброз доштааст, ки занони ҷамъомада дар Кӯлоб натавонистанд ба мақсад бирасанд ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо хоҳиши Иброҳим Исмоилов ӯро барои як суҳбати кӯтоҳ пазируфт. «Бо вуҷуди ин маълум нашуд, ки эшон чӣ мехоҳанд, ба ҷуз ин ки гуфтанд, дар Кӯлоб зарурати доир кардани чунин як ҷаласа нест. Бо вуҷуди ин онҳо то охири нишаст ба амали худ идома доданд, то ҷаласаро барҳам зананд, аммо муваффақ нашуданд», - афзуд Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.
Қобили зикр аст, ки усули мазкури эҷод кардани монеъа дар ростои кори аҳзоб қаблан нисбат ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гашт, ки бо ин сабаб раҳбарияти ҲСДТ натавонист ду чорабинии худро доир намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста