Тоҷикистон давлатӣ авторитарӣ ё худкомаест, ки дар арсаи сиёсати он президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорони ӯ – зодагони як минтақа бартарӣ доранд. Дар ин бора дар гузориши рӯзи 27-уми феврал нашршудаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи риояи ҳуқуқи инсон барои соли 2013 хабар дода мешавад, ки 30 саҳифаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ низоми бисёрҳизбӣ пешбинӣ шудааст, аммо амалан ҳукумат ба гуногунандешии сиёсӣ монеъа эҷод мекунад.
Қайд мешавад, ки дар ҷараёни интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр гуногунандешии сиёсӣ назаррас набуда, интихобот ба меъёрҳои байнулмилалии интихоботи ҳақиқӣ мутобиқат надошт.
Департаменти давлатии ИМА шиканҷаву кирдори бераҳмонаи мақомоти амният нисбати боздоштшудагон, таъқиби рақибони сиёсӣ, маҳдуд кардани озодии андеша ва ВАО-и озод, аз ҷумла давра ба давра қатъи фаъолияти сомонаҳои мустақили иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи мушкилоти назаррас дар бахши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон унвон кардааст. Ҳамчунин ба нақзи озодии динии шаҳрвандон ва поймолкунии ҳуқуқи занон низ ишора шудааст.
Ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳуқуқи мурофиаи адолатноки судӣ, шароити ғайриқаноатбахши будубош дар зиндонҳо, манъи дастрасии нозирони байнулмилалӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, маҳдудисохтани таълимоти динии кӯдакон, ришваситонӣ ва хариду фурӯши одамонро низ муаллифони гузориш ба мушкилоти риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мансуб донистаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориш қайд мешавад, ки ба мансабдорони давлатӣ дар мақомоти амният ва ҳукумат ба амал кардан бидуни муҷозот иҷозат дода шудааст. «Дар ҷумҳурӣ мансабдорони давлатӣ хеле кам ва аҳёнан барои нақзи ҳуқуқи инсон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд», - таъкид мекунанд муаллифони гузориш.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста