Ҳукумати Қирғизистон алҳол дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба қарори ниҳоӣ нарасидааст.
Дар шарҳи маълумот дар бораи рӯзҳои 5-7-уми март боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба АКИpress иброз доштааст, ки «ин тавр нест».
Ба гуфтаи муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя, Тоҷиистон муддати зиёдест, ки ба ҳуқумати Қирғизистон бо дархости боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ муроҷиат мекунад. «Аммо ҳукумати Қирғизистон ҳоло ба қарори ниҳоӣ нарасидааст. Ин масъала айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад», - гуфтааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз, 5-уми март Қирғизистон ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз мекунад.
Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду нафар марзбони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захм бардоштанд, кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баста буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста