Зимни вохӯрии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки дар дафтари кории ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷараён дошт, ду нафар – як зану як мард кӯшиши ба дафтари корӣ ворид шуданро кардаанд.
Яке аз фаъолони ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсони номаълум худро узви ҳизб муаррифӣ карда, изҳор намудаанд, ки ба вохӯрӣ бо Кабирӣ омадаанд, вале чун аъзои бахши ҳизби ноҳия онҳоро нашинохтаанд, зан бо доду фарёд ба бино даромаданӣ шудааст.
«Ин марду зан чун дарк карданд, ки бо ин амалашон таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб накарданд, макони ҳодисаро тарк гуфтанд», - зикр кард А.Давлат.
Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрии мазкур раиси ҲНИТ қайд кардааст, ки имрӯз Тоҷикистон дар навбати аввал ба ҳамдигарфаҳмиву амали мутақобила баҳри ба созиш расидан ниёз дорад.
«Кабирӣ таъкид дошт, ки ҳукумати ҳама гуна давлате бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо аҳолии кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар беҳбуди ҳаёти мардум ба натиҷаи назаррасе расида наметавонад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста