Имрӯз мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе, сафир Маркос Мюллер доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки Тоҷикистон саҳми САҲА дар рушди демократия, озодии баён, ҳимоя аз ҳуқуқҳои иносн дар минтақа, аз ҷумла дар кишвари моро баланд арзёбӣ мекунад.
«Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар таъкид дошт, ки САҲА ба Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу созиши миллӣ, бозгашти гурезагони тоҷик аз Афғонистон, таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ кӯмаки назаррас расонид», - зикр кард Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин қайд карданд, ки САҲА ва Тоҷикистон дар масъалаи ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шудани Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ қабул шудани қонун «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» муштаракона корҳои назаррасеро анҷом доданд.
«Сафир Мюллер таъкид намуд, ки САҲА минбаъд низ бо Тоҷикистон дар самти таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, ба созиш расидан дар Афғонистон ва ҳалли мушкилоти озодии баён ҳамкорӣ карданист», - афзуд Султонов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста