Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бар асоси моддаи 57-и Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ба ҷойи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов, ки чанде қабл аз олам даргузашт, тибқи рӯйхати ҳизбӣ вакили нав таъин намекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, тибқи моддаи зикршуда интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнӣ ё болоии ҷумҳурӣ дар сурате гузаронида мешавад, ки агар то муҳлати анҷоми ваколатҳои вакилон камтар аз як сол вақт монда бошад ва ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон 28-уми феврали соли 2015 ба анҷом мерасанд.
«Ҳамин тариқ, то ахири даъвати кунунӣ дар палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 63 вакил 59 вакил фаъолият хоҳанд кард ва ин ба кори парлумон ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт, зеро дар Маҷлиси намояндагон кворум мавҷуд аст», - афзуд намояндаи КМИР ҶТ.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта узви фраксияи ҲХДТ Махфират Ҷабборова бинобар сабаби муовини нахуствазир таъин шуданаш, ваколатҳои вакили МНМО ҶТ-ро супурд. Ҳамчунин нимаи моҳи декабри соли гузашта боз як узви ҲХДТ Амирбек Маҳмадалиев низ бо сабаби раиси ноҳияи Ёвон таъин шуданаш курсии вакили МНМО ҶТ-ро тарк кард. Ахири моҳи ноябри соли гузашта узви ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова низ бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ аз сафи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар хориҷ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста