Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст».
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.
Валентина Матвиенко иброз дошт, ки «Мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дасгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».
Ба нақши форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои рушди бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.
Ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон тадолуи назар сурат гирифта, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста