Чанде қабл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 га доман паҳн хоҳад кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бунёди боғи нави 600-гектара бо шинондани нахустин ниҳолҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва пирони деҳқонию боғпарварӣ оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, аллакай ҳамин сол дар майдони беш аз 150 га ниҳолҳои гуногун шинонда мешавад ва 300 нафар соҳиби кор мегарданд. Дар сурати ба 600 га расидани майдони боғ дар он беш аз 1200 нафар соҳиби кор ва ризқи фарох хоҳанд шуд. Дар ин боғ, асосан навъҳои содиротии олу, зардолу, нок ва ангур шинонда мешаванд.
Зимни суҳбат бо мардум Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, ривоҷ додани сабзавоткорӣ ва аз ин ҳисоб афзун кардани қудрати содиротии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод. Таъкид гардид, ки боғу токзор бояд, асосан дар заминҳои бекорхобида, партов ва талу теппаҳо бунёд карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста