Рӯзи 19 марти соли 2014 дар ш. Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, китоби мазкур бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр карда шуда, аз ду ҷилд иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо ва мушовирони сиёсии онҳо, доираҳои илмӣ, муаррихон, шарқшиносон ва фарҳангшиносони аврупоӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи мӯҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ ҷабҳаҳои таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони Парлумони Аврупо шарҳ дода, махсусан қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бисёр мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб хеле хуб маҳфуз мондаанд ва ҷолиби диққати сайёҳони сершумор, таърихшиносон ва ҳафриётшиносони аврупоиву амрикоӣ ҳастанд.
Зикр мегардад, ки иштирокчиёни чорабинӣ ба асари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки он барои муҳофизат ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он нақши муҳимро мебозад.
Дар охири маҳфил ба ҳамаи ҳозирин нусхаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ тақдим гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста