Санаи 21-уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатҳои болоӣ ва поёнии парлумон ва нахуствазири кишвар, ҳамчунин аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президенти мамлакат зикр кард, ки мояи ифтихори мо - тоҷикон аст, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
«Ба муносибати ин рӯзи саид, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям», - иброз дошт Э.Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».
«Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст. Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст», - изҳор кард президент.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста