Дар доираи сафар ба Тотористон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Илнур Илдарович Гатауллин, роҳбари департаменти сиёсати дохилии дастгоҳи Президенти Тотористон масоили марбут ба вазъи муҳоҷирини тоҷик ва истифодаи потенсиали фаровони маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик дар масъалаи пешгирии ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни мулоқот М.Кабирӣ ба намояндагони дастгоҳи Президенти Тотористон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ ва нақши он дар расидан ба сулҳу ваҳдат маълумот дода, ин равандро бузургтарин дастоварди миллӣ баъд аз истиқлолият арзёбӣ кардааст. Инчунин, аз муносибати хуби мақомоти ин ҷумҳурӣ нисбат ба муҳоҷирини тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, онро муносиб ба фарҳангу арзишҳои исломӣ ва инсонӣ донистааст.
Ҷаноби Гатаулин аз сиёсатҳои муътадил ва созандаи ҲНИТ дар Тоҷикистон ва минтақа, ба хусус, байни муҳоҷирини тоҷик сифат карда, онро барои пешгирӣ аз паҳншавии андешаҳои тунди сиёсӣ ва мазҳаби хеле муҳим гуфтааст. "Ҳар ҷомеъа ниёз ба чунин созмоне, мисли шумо дорад, то ин ки потенсиали динии он дар қолаби қонун ва мантиқ барои корҳои созанда сафарбар карда шавад. Дар сурати дигар, ҷои холиро дигарон пур мекунанд, ки ба нафъи касе нест", гуфтааст масъули сиёсати дохилии дастгои президенти Тотористон.
Тарафҳо ба хулоса омадаанд, ки барои ҳамкории бештар дар самти муҳоҷирин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон иртиботҳоро қавитар намоянд. Пешниҳоди раҳбари ҲНИТ барои ташаббусҳои бештари Қазон ҳамчун пули фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҷонибдорӣ ёфта, изҳори омодагӣ барои ҳамкориҳо дар ин самт шудааст.
Ҳамчунин дар «Хонаи дӯстии халқҳо»-и Тотористон мулоқоти раҳбари ҲНИТ бо муҳоҷирини тоҷик сурат гирифтааст, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон, мушкилоти муҳоҷирин ва дигар масоили рӯзмарра аз ҷумлаи мавзӯъҳои сӯҳбат будаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста