Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чан Вансюанро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи накӯ, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.
Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард”.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста