Санаи 31-уми марти соли равон дар шаҳри Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ ва муҳокима шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳо (машваратҳо)-и дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста