Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ бо шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҶДММ Голден Груп дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Аз иттилои роҳбари ин ширкати ватанӣ Қутбиддин Хайров бармеояд, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сохта шуда, дар он навниҳолҳои помидор шинонда шудааст. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Як соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар бояд сохта ба кор дароварда шаванд.
Тавре зикр гардид, дар ҳар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, зеро дар ин ҷо натанҳо деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, балки кормандони муҳандисӣ техникӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар 6 гектар наздики 360 нафар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.
Дар гармхонаҳо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва салқинсозӣ дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуқсон ва хушлаззат шавад.
6 гектар гармхона бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд меёбад. Ғайр аз ин, гармхона бо истифодаи фаровон аз нерӯи барқ ва гармии буғхонаи худӣ гарм ё салқин карда мешавад ва бо вуҷуди ин фоидаовар хоҳад буд, зеро аз ҳар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна помидор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти ин гармхонаҳо асосан аз моҳи ноябр то охирҳои моҳи май ба бозор пешниҳод мешавад, яъне дар мавсими камчинӣ ва қиматии сабзавоти тару тоза. Тавре иттилоъ доданд, давоми ду сол хароҷоти сохтмон ва таҷҳизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танҳо ба фоида кор хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста