Вазорати корҳои хориҷии Филиппин рӯзи 15-уми апрел эълом дошт, ки барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон имтиёзоти марбут ба раводидро ҷорӣ мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи расии ВКХ Филиппин, шаҳрвандони Белиз, Хорватия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Филиппин қарор дошта бошанд.
«Ин имтиёз ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз ин кишварҳо мусоидат мекунад, - шарҳ медиҳад ин тасмиимро ВКХ Филиппин. – Сол то сол миёни Филиппин ва ин кишварҳо муносибатҳои дуҷониба густариш меёбанд».
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки давлати Филиппин якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон имтиёз пешниҳод намудааст ва дар навбати худ, барои сафар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Филипин бояд раводид дастрас намоянд.
«Ин кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие шомил аст, ки шаҳрвандони он ба дастрас кардани раводиди Тоҷикистон бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доранд. Ба ин рӯйхат 80 давлат, аз ҷумла Туркманистон, Ӯзбекистон (категорияи муайяни шаҳрвандон), Туркия, Тайиланд, Полша, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо дохиланд», - гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста