Президенти Туркманистон нияти сафари расмӣ ба Тоҷикистонро дорад, лекин санаи сафари пешбинишуда зикр нагардидааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, масъалаи зикршуда зимни сафари расмии рӯзи 16-уми апрели вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Туркманисон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
«Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҳошия зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳи олиро таъкид доштанд», - гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Туркманистон.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқоти С.Аслов бо муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардиданд.
Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон мавқеи ҳамсон баён доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар пояи усулҳои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи ин муносибатҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг изҳор намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста