Рӯзи 16-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар Ашқобод машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистгону Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ин машварат Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард.
Бино ба иттилои ВКХ Туркманистон, дар мулоқот сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимоди ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба таъкид гардид.
««Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҳошия зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳи олиро таъкид доштанд», - гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Туркманистон.
Зимнан зикр мегардад, дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масъалаҳои тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ҳамкориҳои ояндадори дуҷониба дар бахши нақлиёт дар партави амалисозии Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ муфассал баррасӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста