Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ имконоти фарох ба миён овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Чин ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам кишварҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста