Чанде қабл дар доираи баргузории иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ”, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ҷ-би Юн Бёнг-се Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Н. Зоҳидов ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин-ҳе супорид, ки дар он ба сабаби ҳалокати одамони зиёд дар натиҷаи садамаи киштии мусофирбари Корея изҳори ҳамдардӣ карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон манфиатдории амиқи кишварро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея, ҷалби сармоя ва фановариҳои ҷадиди кореягӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд.
Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Корея рағбати раҳбарияти олии кишварашро ба таҳкими робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ” таъйид намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста