Чанде қабл дар шаҳри Остона миёни Ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан»-и Қазоқистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба маълумоти сомонаи расми ҲХДТ, санадро муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва муовини аввали раиси ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан» Бауржан Байбек ба имзо расониданд.
«Зимни гуфтушунидҳо қабл аз имзои созишнома намояндагони ҳизбҳои ҳокими ҳарду кишвар таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва «Нур Отан» ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа, рушди муносибатҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ миёни мардуми Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат мекунад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳизби «Нур Отан» дар сафҳои худ зиёда аз 940 ҳазор аъзоро дар кумитаҳои ҳизбии 18 вилоят ва 212 ноҳияи Қазоқистон муттаҳид намудааст, ки ин 6 фоизи аҳолии Қазоқистонро ташкил медиҳад.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста