Неъматҷон Шарифов, як сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд, ки аз ду пояш маҳрум аст, дар иртибот ба ваъдаи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати додани манзили зист ба ӯ ва ҳамчунин кӯмаки наҳзатиёни суғдӣ иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар робита ба ин масъала гуфтааст, онҳо Неъматҷон Шарифовро на ҷиҳати харидани манзил ваъдаи кӯмак намудаанд, балки барои иваз кардани прутез (пойи сунъӣ)-и мавсуф, ки 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ супурдаанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Илҳомҷони Ёқуб, роҳкиро, харҷи будубоши Неъматҷон Шарифовро дар шаҳри Душанбе зимни насби пойи сунъӣ ба уҳда гирифтаанд.
«Ба Неъматҷон Шарифов ҷиҳати пардохтани яксолаи иҷорапулии манзили зисти ӯ изҳори омодагӣ кардем, вале ӯ ин пешниҳодро рад карда, гуфт, бояд хонаи худро дошта бошад. Агар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳам барои ӯ хона надиҳад, дигар бародарони ғайринаҳзатие ҳастанд, ки барои харидани як манзил ба Неъматҷон Шарифов изҳори омодагӣ карданд», - иброз доштааст Илҳомҷони Ёқуб.
Ба иттилои мнабаъ, Неъматҷон Шарифов як сокини 44 –солаи Хуҷанд аст, ки ҳашт сол қабл дар Русия бинобар зери трамвай мондан ҳарду пояшро бурдидаанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи худи ӯ, зану фарзандонаш Неъматҷон Шарифовро тарк карда, хонаашро низ мегиранд. Баъд аз шаш соли ҷудоӣ бо зане, ки ӯ низ аз як пояш маҳрум аст, ҷаноби Неъматҷон оила барпо мекунаду алъон соҳиби як фарзанд ҳастанд, вале бо вуҷуди ин, феълан оилаи мазкур иҷоранишин аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста