Дар нишасти хабарии имрӯза дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бахшида ба сафари расмии президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон зикр гардид, ки дар доираи ин сафар ҳадди ақал 6 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо мерасад.
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи маҳз кадом санадҳо ба имзо расидан маълумоти саҳеҳ надоданд, вале зикр карданд, ки «миёни онҳо изҳороти муштараки сарони ҳарду давлат аз рӯи натиҷаҳои сафар муҳимтар хоҳад буд».
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ташриф оварда нахуст «танҳо ба танҳо» бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Сипас гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ барпо мешаванд.
Худи ҳамин рӯз сарвари давлати Туркманистон ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфтушунид анҷом медиҳад.
Рӯзи 6-уми май пас аз боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ашқобод бармегардад.
Пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст. Моҳи феврали соли 1995 дар Ашқобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.
Соли 2013 гардиши савдои байни ду кишвар 119,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста