Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи Тоҷикистону Кувайт, ки тайи ду-се соли охир ба назар мерасад, изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: “Ман ба дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи муфид бо Давлати Кувайт хушбинам”.
Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ низ андешаи Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ҳам ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.
Бо ёдоварӣ аз мулоқоти пурсамари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама сармоягузории лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму фан густариш меёбад. Аз ҷумла сухан дар бораи бунёди як маҷмааи табобатии мукаммали минтақавӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт ба Тоҷикистон ва ташкили коркарди он дар корхонаҳои марбута, тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ ба роҳ мондани коркард ва интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва дигар мавзӯъҳо меравад.
Ҷониби Кувайт, ҳамчунин ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳои ниёзманди Тоҷикистон, кумак ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста