Президенти Русия Владимир Путин сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва шаҳрвандони кишварҳои Гурҷистон ва Украинаро ба муносибати 69-умин солгарди ҷашни Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик кард. Дар ин бора сомонаи расмии Кремл хабар медиҳад.
Дар паёмҳои табрикотӣ Владимир Путин таъкид доштааст, ки «корнамоии падару бобоҳои мо, ки барои насли оянда якпорчагии ватан ва сулҳро таъмин намуданд, саҳифаи қаҳрамонии таърихи умумии мост ва қарзи раҳбарияти кишварҳо дар он ифода меёбад, ки ҳақиқати таърихро дар бораи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гиромӣ нигоҳ доранд, собиқадоронро бо ғамхорӣ фаро гирифта, ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия намоянд».
Президенти Русия изҳори итминон кардааст, ки хотираи умумӣ дар бораи Ғалабаи Бузург ҳамеша ба таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо асос буда метавонад.
Ҳамчунин Владимир Путин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо умри бардавому рӯзгори хушу осуда орзу намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста