Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: “Сафари давлатии Шумо ба Ҳиндустон, ки моҳи сентябри соли 2012 ҷараён гирифта буд, боиси ба сатҳи хеле боло бардошта шудани муносиботи ду кишвар гардид”.
Доир ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ба гуфти Суҷатҳа Сингҳ, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.
Ҳамчунин доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста