Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба иттилои интишоршудаи Кремл, дар доираи вохӯрии Маскав ҳузури меҳмонон дар тамрин оид ба идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар назар аст.
Дар иттилои хадамоти матбуоти президенти Русия зикр мегардад, ки гуфтушунидҳои дуҷонибаи Владимир Путин бо чанде аз сарони кишварҳои дар вохӯрӣ ҳузурдошта пешбинӣ шудааст.
«Дар навбати аввал муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо ва масъалаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, вале бо итминон метавон гуфт, ки атрофи вазъ дар Украина низ сарони кишварҳо табодули назар хоҳанд кард», - гуфтааст котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста