Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯйдодҳои ахири Украинаро бо ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон муқоиса карда, изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аз воқеъаҳои ҷараёндошта дар ин кишвари пасошӯравӣ нигаронанд.
«Бо ҷараёни чунин рӯйдодҳо мо ошноем. Дар марҳилаи ибтидоии соҳибистиқлолӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон мухолифатҳои дохилӣ ва баъдан низои мусаллаҳонаеро паси сар намуд, ки ба оқибатҳои хеле вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ боис гардид», - иброз доштааст Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, ин воқеъияти таърихии начандон дур – ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 157 ҳазор нафар ҳалок шудаву ба ҷумҳурӣ 10 млрд. доллар зиён расид, ёдоварие аз нозукиву осебпазирии сулҳи ҷомеа ва зарурати иродаи қавии сиёсӣ барои кӯшиши зиёд ба харҷ додан баҳри расидан ба муттаҳидии ҷомеа, ноил гардидан ба созиши умумӣ ва суботу оромӣ дар кишвар аст.
«Ба назари мо, имрӯз мусоидат ба дарк ва арзёбии воқеъии ҷараёнҳои мавҷуда дар Украина, роҳ надодан ба низоъи мусаллаҳона ва зӯроварӣ муҳим аст. Мо ҷонибдори онем, ки бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад”, - изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон дар шаҳри Маскав доир ба масоили умдаи вобаста ба авзои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯй сурат гирифта, ҳамчунин аз вазъи номатлуб дар Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳамгироӣ доир ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки нақшаҳои қаблан мувофиқашуда доир ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бояд дар амал татбиқ шаванд.
Ёдрас мекунем, ки бо даъвати президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8-уми май дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон баргузор шуд.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста