- Тоҷикистон чун дигар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон) барои иштирок дар амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад, зеро Киев узви СААД нест, - изҳор дошт раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов.
Сиёсатмадор маълумоти баъзе аз ВАО-и Русия дар бораи рӯзи 8-уми май зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД баррасӣ шудани масъалаи дастгирии амалиёти сулҳовари Русия аз ҷониби кишварҳои Созмонро носаҳеҳ унвон карда, таъкид дошт, ки СААД дар ҳолати таҳдиди ошкорову рӯирост ба яке аз кишварҳои узви Созмон дахолат карда метавонад.
«Дар асл рӯзи 8-уми май зимни вохӯрии ғайрирасмии кишварҳои узви СААД, Русия натанҳо иқтидори худ, балки нуфузи бузург доштанаш дар сиёсати ҷаҳониро нишон дод», - зикр кард раиси ҲКТ.
Ба эътиқоди ӯ, пас аз пошхӯрии кишварҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ваъдаи додааш ба Михаил Горбачёв вафо накарда, бо истифода аз ҳар роҳу восита босуръат ба Русия наздик шудан дорад.
Дар идома Шабдолов қайд кард, ки минтақаи ҷанубу шарқи Украина, ки дар он ҷо оид ба мустақилият раъйпурсӣ гузаронида мешавад, ояндаи наздик ба ҷумҳурии федеративӣ муттаҳид мешаванд, то ки ба вуруди нерӯҳои фашистии нав ба минтақа садд гузоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста