- Агар Русия дар Украина амалиёти сулҳоварона барпо кунад, Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия бояд дар он иштирок кунад, - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
«Ба эътиқоди ман, дастгирӣ кардани Русия дар масоили умдаи байнулмилалӣ ба манфиати худи Тоҷикистон аст», - зикр кард Тӯраҷонзода.
Ба андешаи ӯ, имрӯз Украина мисли Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи мухолифиатҳои Ғарб ва Шарқ қарор гирифта, сиёсати таблиғоти ҷудоиандозӣ дар ин кишвар ба воқеъият табдил ёфтааст.
«Сиёсати бетарафии чанде аз шарикони Русия дар қаламрави пасошӯравӣ оид ба вазъ дар Украина, ки онро мароми худ қарор додаанд, дар ноил гардидан ба сулҳу осоиш дар ин кишвар ҳеҷ манфиате ба бор намеоварад», - чунин мешуморад Тӯраҷонзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил на ҳамеша ба манфиати ҷонибҳои мухолиф нигаронида шуда буданд, вале сарфи назар аз ин, онҳо дар расидан ба сулҳу созиш нақши муҳим бозиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
daler13 май, 2014 11:01
Чи кор дори сиёсатба Домулло