Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷойи Акдемияи худ шуъбаи илм ва кор бо уламоро боз намуд. Худи Академия ҳанӯз соли гузашта бо талаби Вазорати адлия фаъолияташро қатъ карда буд, зеро тибқи оиннома, ҳизбҳо ба роҳандозии фаъолияти Академия дар назди худ ҳуқуқ надоранд.
Академияи ҲНИТ соли 2011 таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ мунтазам семинарҳои омӯзишӣ доир мекард. Дар сомонаи расмии ҲНИТ як гӯшаи махсусе мавҷуд буд, ки намояндагони Академия ба саволҳои марбут ба масоили динии корбарони сомона посух мегфтанд. Дар давраи сипаришуда ба беш аз ҳазорҳо савол посух гуфта шуда, даҳҳо семинарҳо созмон дода шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси шуъбаи нав Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, акнун шуъбаи нав комилан аз фатво додан ё семинар баргузор намудан даст кашида, танҳо бо уламои кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нома ба раҳбарияти ҲНИТ муроҷиат намуда, ишора кард, ки ҳизб ба роҳандозии фаъолияти муассисаи таълимие чун Академия дар назди худ ҳуқуқ надорад.
Аъзои ҲНИТ ин амалро ба аз ҷониби намояндагони Академия гоҳ-гоҳ содир шудани фатво марбут медонанд. Кумитаи умури дин чандин маротиба таъкид дошт, ки ба содир намудани фатво танҳо мақомоти ваколатдор – Шӯрои уламо ҳуқуқ дорад. Мувофиқи Оиннома, ҲНИТ ба роҳандозии маркази илмӣ дар назди ҳизб ва баргузории таҳқиқот ҳуқуқ дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста