Рӯзҳои 12-13-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи муштарак ҷараёни таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин маҷмӯи масоили марбут ба марз, аз ҷумла вариантҳои сохтмони роҳҳои мошингарди «Исфара – Ворух», «Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишмиш» ва масъалаи истифодаи чарогоҳҳои тобистона баррасӣ шуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин муноқишаи рӯзи 7-уми майи соли равон дар марз рухдодаро баррасӣ намуда, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карданд. Бо мақсади тафтиши воқеъбинонаи ин ҳодиса ва ҳамчунин минбаъд пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо, ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шуд, ки ба кори гурӯҳи муштараки тафтишотӣ дар ин самт суръат бахшида шуда, гунаҳкорон ба муҷозот кашида шаванд ва ба ҷабрдидагон хисороти молӣ ҷуброн карда шавад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба минбаъд андешидани тадбирҳои ҳамаҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ин монанд ҳодисаҳо тавофуқ ҳосил карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста