Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд. “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем”- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рушди ҳамкории сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре зикр гардид, Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи швейтсарии намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо баҳои баланд дод.
Ҳамчунин ба фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд дода шуд. Тавре зикр гардид, аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.
Ҳамзамон Швейтсария “яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд. Чунонки зикр гардид, соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2010 2,4 баробар зиёд аст.
Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши бештари ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста