Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи «Буку ҳаром» дар кишвари Нигерияро, ки аз он ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, қотеъона маҳкум намуда, ин амали ғайриахлоқиро дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ медонад.
Дар изҳороти пахшшудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки амали ин гуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ на танҳо бо дини поки Ислом, ки тарвиҷгари меъёрҳои инсондӯстона аст, ҳеҷ робита ва созгорие надорад, балки василаи дигаре барои бадном кардани чеҳраи Ислом аз ҷониби душманони он мегардад.
«Аз сӯйи дигар ин ҷиноят раванди ҳамгароӣ ва гуфтугӯ байни адёнро ба мушкил рӯ ба рӯ карда, сулҳу амнияти ҷаҳонро ба хатар меандозад. Агарчи гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат ақалият мебошанд, вале бо содир кардани ҷиноятҳои сангин ва овозадор тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, фаъолияти як идда аз гурӯҳу шахсиятҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша аз номи дини мубини Ислом заҳмату фаъолияти созандаву башардӯстонаи беш аз як миллиард мусалмонро хадшадор месозад», - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, маҳз дар ҳамин рӯзҳо масъулияти мусалмонон барои нишон додани чеҳраи воқеии Ислом ва пайравони он бештар мегардад ва бинобар ин, рӯ овардан ба арзишҳои асили инсондӯстӣ, ки ҳама динҳои осмонӣ онро тараннум кардаанд, истифода аз фарҳанги муколамаву гуфтугӯ байни ҳама дину қавмҳо ва гурӯҳҳо, тарвиҷи бештари илму фарҳанг ва амалҳои созанда ҷавоби муносиби мусалмонон ба ҷиноятҳои чунин гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» мебошад.
«Бо пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои озод намудани духтарони ниҷерӣ ҲНИТ аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ дархост менамояд, ки дар ин амр саҳми бештаре дошта бошанд. Чунки ин ҷиноят танҳо зидди инсонҳои алоҳида набуда, пеш аз ҳама помолкунии арзишу таълимоти дини мубини Ислом мебошад», - баён мегардад дар хотимаи изҳорот.
Гурӯҳи «Буку ҳаром» мазҳаби тундагрои исломиест, ки хадафи аслиаш ҷорӣ кардани қонунҳои шариат дар саросари Нигерия ва барҳам додани тарзи ҳаёти дунявӣ мебошад. Аъзои гурӯҳ аксаран ба бетартибиҳо даст зада, ба намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамлаву суиқасд мекунанд, ки дар натиҷа аҳолии осоишта ба ҳалокат мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста