Зимни ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Белорус дар Душанбе сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки ҳафтаи оянда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Белорус ташриф меорад.
Ба гуфтаи ӯ, зимни гуфтушуниди дуҷониба сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратиро мавриди барррасӣ қарор хоҳанд дод.
Дар ҷараёни ҳамоиш Гаврук зикр кард, ки ба роҳандозии ҳамкории судманд ҳарду ҷониби манфиатдоранд ва имконот дар ин самт ҳоло пурра истифода нашудааст. «Ба андешаи мо, маҳз бахши иқтисод бояд маҳаки рушди ҳамкории мо гардад», - иброз дошт сафир.
Бино ба маълумоти Гаврук, дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус 9,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 8,2 млн. $ воридоти маҳсулоти Белорус ба Тоҷикистон буда, 1 млн. $ содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста