Чанде қабл зимни мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон Элвира Сариева бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоии муштараки сатҳи минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар ҷараёни вохӯрӣ Э.Сариева зикр кардааст, ки Қирғизистон ба муносибатҳои эҳтироми байниҳамдигарӣ ва дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба асоси боэътимод мебошанд, арҷ мегузорад.
«Имрӯз Қирғизистон пайдарҳам иқдомоти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни мардуми қиргизу тоҷикро амалӣ месозад. Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба манфиатдорем», - гуфтааст Сариева.
Дар навбати худ Олим Раҳимов қайд кардааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди робитаҳо бо Қирғизистон танҳо бар асоси муноисбатҳои дӯстонаву эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории пурсамар манфиатдор аст.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муноқишаи рӯзи 7-уми май рухдода дар марзи давлатии кишварҳо ибрози андеша кардаанд. «Ҳама гуна масоил сарфи назар аз шаклу хусусият ва душвории онҳо, бояд дар рӯҳияи мунсоибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардуми кишварҳои баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд», - иброз доштааст муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд тақвият бахшидани иқдомот баҳри рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста