Нимаи дуюми рӯзи 17-уми май президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё бо сафари корӣ дар Чин қарор дошт, бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Чин баррасӣ шуда, ба масъалаҳои вобаста ба бунёди зербинои сайёҳӣ, ки дар бунёди шароити зарурӣ барои ҷалб ва қабули сайёҳони сершумор Чин таҷрибаи зиёд дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши солонаи мол миёни Тоҷикистону Чин аз сифр то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расид. Он ки ҳоло беш аз 2 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсили илм мекунанд, нишонаи таваҷҷуҳи хос ба густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо ин ҳамсояи бузург номида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста