- Сабаби асосии дар ҷанг муқобили ҳукумати Башор Асад дар Сурия иштирок кардани шаҳрвандони кишварҳои дигари исломӣ дар он аст, ки онҳо аз асосҳои ислом бехабаранд, шахсони гумроҳанд, ки барояшон қонунҳои шариат ва ҷиҳодро нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
«Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон мафҳуми «ҷиҳод» бо ҷанг ҳамбаста буда, аз ин рӯ, бисёре аз рӯҳониён ба шарҳи ҳақиқат дар бораи ҷиҳод меҳаросанд. Дар асл ҷиҳод кӯшиши ҳимояи ватан аз душманони беруна, дифоъ аз мазхабу оилаи худ, талоши таъмини рӯзгор ва босавод тарбия кардани фарзандон аст», - гуфт Тӯраҷонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар Сурия, ки беш аз 40 сол оилаи Асадҳо дар он ҳукмронанд, ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои динӣ ҷой надорад ва задухӯрдҳои мусаллаҳона бар асари мухолифатҳои сиёсӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
«Ҳукумати Сурия аслан аз алавиҳои шиъа иборат аст, вале онҳо ҳеҷ гоҳ муқобили сунниҳо маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Беш аз 50%-и адабиёти исломии дар ҷаҳон нашршуда маҳз дар Сурия ба чоп мерасад ва ҷанг алайҳи ҳукумати Асадро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ҷиҳод номид», - таъкид дошт рӯҳонӣ.
Ӯ зикр кард, ки усулҳои ҷиҳод чунин аст, ки агар як кишвари ғайримусулмонӣ ба давлати мусулмонӣ ҳамла кунаду мусулмонони ин кишвар тавони муқовимат ба ғосиб надошта бошанд, пас дар ин ҳолат мусулмонони дигар кишвар метавонанд дар ин ҷанг иштирок кунанд, вале дар Сурия ҳолати дигар ба мушоҳида мерасад.
«Баъзе кишварҳо аз он норозианд, ки Эрон тариқи Сурия ташкилоти «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнонро дастгирӣ мекунад, ки чун устухон дар гулӯ ба Исроил халал мерасонад ва ҷанги имрӯза дар Сурияро роҳандозӣ намуданд. Таври маълум, «Ҳизбуллоҳ» ният дорад, ки ба кӯшишҳои ҳукмронии Исроил дар Шарқи Наздик хотима гузорад ва дар ин самт аллакай ба натиҷаҳое низ ноил гардидааст. Бо ҳамин сабаб беш аз 15 ҳазор ҳомиёни сулҳи СММ имрӯз дар марзи Исроил ва Лубнон мутамарказанд», - зикр кард сиёсатмадор.
Ба андешаи Тӯраҷонзода, маъмулан танҳо идеологҳои миллӣ ва динӣ мардумро ба мубориза раҳнамун карда метавонанд, вале нерӯҳое, ки ҷангро дар Сурия тариқи истифодаи одамони раҳгумзада роҳандозӣ намуданд, барои ин ҷанг миллиардҳо доллар хароҷот мекунанд.
«Ғарб ва Арабистони Саудӣ дар таърихи худ барои дастгирии нерӯҳои мухолифи ҳама гуна кишвари дунё ин қадар хароҷот накардаанд, ки имрӯз муқобили ҳукумати Башор Асад масраф месозанд. Имрӯз дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб якчанд шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ барномаҳо пахш намуда, мардумро барои ҷиҳод ба Сурия даъват мекунанд. Дар кишвари мо воизони бомаърифат минбар надоранд, то ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон зараровар ва нодуруст будани ин даъватҳоро фаҳмонанд», - афзуд Тӯраҷонзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста