Баронхонум Вивиен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Шоҳигарии Бритониёи Кабир 22-юми майи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф меоварад.
Дар иттилоияи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар муддати сафари ҳафтрӯзааш дар Тоҷикистон Баронхонум Стерн як қатор вохӯриҳои вазоратӣ ва парлумонӣ хоҳад дошт. Ӯ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият оиди мавзӯъи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ давом хоҳад кард. Вай ҳамчунин сӯҳбатҳо оиди ёфтани роҳҳои амалӣ барои боз ҳам пурзӯр намудани муносибатҳои хубе, ки байни парлумонҳои кишварҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Бритониёи Кабир ҳастанд, доир хоҳад кард.
Гуфта мешавад, Вивиен Стерн бо сафари расмиаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф меоварад. Дар он ҷо Баронхонум бо раиси ВМКБ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ хоҳад гузаронд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз солҳои 1989 то 2006 Баронхонум Стерн ба ҳайси секретари генералии муассисаҳои ислоҳотӣ фаъолият кардаст. Баронхонум то айни ҳол дар масъалаҳои роҷеъ ба муассисаҳои ислоҳотӣ нақши хеле муҳимро мебозад ва Ӯ бо мақсади бо ҳукумати Тоҷикистон пеш бурдани кору фаъолият дар ин соҳа ба Тоҷикистон якчанд маротиба сафар кардааст.
Инчунин Баронхонум вазифаи раиси Гурӯҳи парлумониро дар Тоҷикистон, ки аъзоёнашон арбобҳои британии маҷлиси шӯро иборат аз тамоми ҳизбҳои сиёсие, ки ба Тоҷикистон завқ доранд, ишғол мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста