Дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузашти низомии пуршукӯҳ доир гардид.
Зимни суханронӣ назди иштирокчиёни гузашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 28-уми майи соли 1994, «замони идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳангоме ки ҳукумат барои муҷаҳҳаз сохтани тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз имконоти иқтисодиву молии маҳдуд бархӯрдор буд, таъсис дода шуд».
«Имрӯз бо кӯшишу мусоидати ҳукумати кишвар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон яке аз таркибҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд», - гуфт президент.
Дар идома сарвари давлат аз хизматчиёни ҳарбии кишвар даъват ба амал овард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳои дунё ҷасуронаву мардона аз манфиатҳову муқаддасоти мардуми тоҷик ҳимоя кунанд.
Ба гузашт фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев роҳбарӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста