Бегоҳии рӯзи 26-уми май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назарявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом дода шудааст.
Ба Сарвари давлат нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безарагардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намоиш дода шуд.
Президенти мамлакат ҳамчунин дар маросими дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтани шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра иштирок кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста