Рӯзи 27-уми май дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мулоқоти Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб ва вакили МН бо Баронесса Вивйен Стерн, намояндаи парлумони Бритониё ва Ричард Вуд, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон баргузор гашт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суҳбати ҳарду ҷониб масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъолияти парлумони Тоҷикистон, эҷоди муносибот байни парлумонҳои ду кишвар, фаъолияти ҳизби характери динидошта дар кишвар, муносиботи ҳукумат бо ин ҳизб ва фишору тазйиқи аъзою ҷонибдорони онро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳамин рӯз Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бо хонум Аннет Бор - пажӯҳишгари масоили Русия ва АвруОсиё дар Институти шоҳигарии Бритониё оид ба умури байналмилалӣ ва Бенҷамин Рар, мудири иҷроияи муассисаи гузоришӣ ва машваратии BVR-и кишвари мазкурро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҷеъ ба хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва таъсири ин раванд ба кишварҳои минтақа, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дурнамои муносиботи кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикистон, интихоботи парлумонии соли 2015, шеваҳои мубориза бо редикализми диниву дунявӣ ва масоили дигар баҳс сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста