Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳи Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, миёни кишварҳо 7 санади ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб оғоз ёфта, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Мамлакати Баҳрайн, ҳамчунин дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа баррасӣ шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд: Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ; Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ; Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар; Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя; Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.
Ҳамчунин Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Баҳрайн эълон гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардидааст.
Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид. Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста