Президиуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул карда, дар он аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми ҷумҳуриро ба ҳушёриву ваҳдат ва нигаҳдории амну субот, муттаҳид гардидан атрофи ҳукумати амалкунанда даъват кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ, вакили МНМО ҶТ Исмоил Талбаков хабар дод, имрӯз ҳукумати Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ намуда, созмонҳои байнулмилалие чун НАТО ва Иттиҳоди Аврупо оромона метавонанд дар кишвари мо сиёсати рушди демократия дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқи инсонро таблиғ кунанд.
«Вале мардуми мо, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон уҳдадоранд ва бояд нияти некро аз сиёсати бозиҳои ифлоси бархе аз намояндагони Ғарб фарқ карда тавонанд», - қайд кард Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, дар муроҷиатномаи ҲКТ ба мардуми Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ махсус таъкид мешавад, ки «истифодаи воситаҳои ҷинояткорона дар муборизаи сиёсӣ ба мафҳумҳои шарафу виҷдон, шаъну эътибор, ки ба мардум ва нерӯҳои баинсофу поквиҷдон хос аст, созгор нест».
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ягона ҳизби кишвар аст, ки дар ҷаласаи президиуми худ рӯйдодҳои ҷараёндошта дар Хоруғро баррасӣ намуда, дар ин робита ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста