Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манома, пойтахти Мамлкати Баҳрайн бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Мамлакати Баҳрайн Халифа ибни Аҳмад Заҳронӣ масоили вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ, таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари сандаҳои нави баимзорасида баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва илму фарҳанг ва ҳамчунин ба таъсиси гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои машваратии Ассамблеи миллии (палатаи болоии Парлумони) Мамлакати Баҳрайн Алӣ ибни Солеҳ ас-Солеҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дод. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки зимни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн заминаи воқеӣ барои рушди муносиботи бисёрпаҳлуи дуҷониба гузошта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.
Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи Баҳрайн мулоқоти судбахш анҷом дод. Бонкдорони баҳрайнӣ изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои мамлакати Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста