Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар робита ба масъалаи беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи бима (суғурта) Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳиссаи бима нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта ҳамагӣ 0,3%-ро ташкил дод, ки ба харҷи маблағҳои зиёд аз буҷети давлатӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон боис гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, сабаби аслии рушди нокофии бахши бима дар кишвар мавҷуд набудани рақобат дар ин соҳа аст.
Президент зикр кард, ки ба аввали соли 2014 дар Тоҷикистон 16 ширкати суғурта фаъолият доштанд, ки 2-тоаш давлатӣ ва 14-тоаш хусусӣ аст ва дар ҳамин ҳол, ба ҳиссаи ширкатҳои давлатии суғурта 97%-и қарордодҳои бима рост меояд.
Сарвари давлат ба Вазоратҳои рушди иқтисод ва ва савдо ва молия дастур дод, ки масъалаи суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии бимаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста